Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид

30 декабри соли 2025 Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа нахуст ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт дар ёздаҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 шунида шуд.

Пас аз суханронӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳр якҷо бо сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо, анҷоми босифат ва саривақтии корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда дар шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top