ИҚДОМИ ҶАДИД ДАР РОҲИ ТАБОБАТИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

ш.Душанбе. 06.05.2020. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва муолиҷаи гирифторони он аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар тадбирҳои заруриву фаврӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти таъсиси беморхонаҳои нав барои қабули беморон, фаъолияти шабонарӯзии ҳамаи сохторҳои давлатӣ баҳри эмин нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ ва сокинони пойтахти кишвар, инчунин ба таври доимӣ гузаронидани безараргардонии иншооту ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои истиқоматии аҳолӣ корҳои назаррас роҳандозӣ мегарданд.

Дар ин робита, бо мақсади дастрас намудани маводи доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳр хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Маводи зарурии воридшуда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои он ҷиҳати истифода дар муассисаҳои тиббии пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар барои табобати бемориҳои сироятӣ, алалхусус пандемияи конронавирус-COVID-19 ба таври ройгон супорида мешавад.

Дар ин робита ширкатҳои ватанӣ низ кӯшиш карда истодаанд, ки баҳри солимии аҳолии Тоҷикистон ва дастгирии қишри ниёзманд бо маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба эҳсонкорӣ рӯ оваранд.

Аз ҷумла, бо хатсайри махсус ширкати ватании «Ориёнфарм» аз Ҷумҳурии Ҳиндустон миқдори муайяни маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббии заруриро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кард, ки ҷиҳати таъмини аҳолии кишвар бо маводи зарурӣ дар ин давраи ҳассос ва таъмини саломатии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо ҳамин хатсайр як миқдор кӯмаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморони Ковид-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.

Тасмим меравад, ки рӯзҳои наздик ташкили боз ҳамин гуна иқдомҳои эҳсонкорӣ такрор меёбад ва бо ин васила дар бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи ҷомеъа саҳмгузорӣ карда мешавад.

scroll to top