ДУШАНБЕ, 06.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи нақшаи кории Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай, бо ташаббуси Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни шаҳрҳо ва пойтахтҳои кишварҳои СҲШ дар доираи барномаи “Шаҳри ҳушманд” оид ба “Дурнамои истифодаи барномаи иқтисоди рақамӣ, технологияҳои ҳушманди низоми “Шаҳри ҳушманд” дар тиҷорат” баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» азмақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар Форуми мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода, намояндаи котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай Ҷуъмахонзода Ҷамшед, котиби масъули шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай Сергей Канавский ва директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Саъдӣ Самадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадафи баргузории Форуми мазкур шиносоии иштирокчиён бо имкониятҳои технологияҳои иттилоотии муосир ва таъсири он дар рушди инфрасохтори пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузурги кишварҳои СҲШ мебошад.
Дар рафти кори Форум аъзоёни ҳайати кишварҳои узви СҲШ, намояндагони мақомоти давлатӣ, сафоратҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои соҳибкорӣ, навовариҳои имконияти технологияҳои муосири иттилоотиву таъсири онҳо ба рушди инфрасохтори пойтахтҳо ва шаҳрҳои кишварҳои СҲШ-ро баррасӣ намуданд.
Бояд зикр кард, ки Форум фарогири масъалаҳои рушди технологияҳои информатсионӣ, интернет-муошират, тиҷорати рақамӣ, ҳамкорӣ дар “Лоиҳаҳои ҳушманд” инчунин соҳаи нақлиёт, маориф, тиб ва экология буд.
/АМИТ «Ховар»/ Хабар медиҳад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед