Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 6 августи соли 2020, №409 “Дар бораи татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” дар 105 МТМУ шањри Душанбе таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардонида шуда, дар ин муассисаҳо пурра шабакаи ягонаи иттилоотии маҳалӣ бунёд карда шуд, ки ҳар як синфхонаи таълимии муассисаҳо ба шабакаи интранет пайваст ва ҳамзамон синфхонаҳои таълимӣ бо компютерҳои муосир таъмин гардидаанд. Инчунин дар даромадгоҳи муассисаҳои таҳсилоти уммумӣ бо мақсади огоҳонӣ аз омаду рафти хонандагон камераҳои назоратии Face ID бо хусусияти шиносоии қиёфа насб гардидааст.
Дар давраи начандон зиёди татбиқи барнома зиёда аз 173 954 нафар волидон сабти ном шуда, аз барнома фаъолона истифода бурда истодаанд. Шумораи хонандагон дар барнома, ки ҳамарӯза баҳову маълумоти дигарашон ба волидонашон ирсол мегардад 203 472 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин муддат 8 913 нафар омӯзгорон низ дар барнома сабт шуда, аз имкониятҳои журнали электронӣ истифода намуда истодаанд.
Таҳлилҳои маълумоти омории барномаи электронии “eDonish” нишон медиҳад, ки дар давоми татбиқи Барнома дар журналҳои электронӣ аз ҷониби омӯзгорон дар соли таҳсили 2021-2022 дар 50 муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе зиёда аз 5 миллиону 365 ҳазору 758 адад баҳо гузошта шуда бошад, пас дар соли таҳсили 2022-2023 дар 105 муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе шумораи баҳогузорӣ ба 43 миллиону 784 ҳазору 893 адад расидааст, ки нисбат ба соли хониши гузашта 8 маротиба зиёд буда, тавассути барномаи мобилӣ ба волидони хонандагон расонида шудаанд.
Дар ин муддат тариқи маркази тамос ба 38 058 муроҷиатҳои шаҳрвандон ҷавоб гардонида шуд. Тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ видеоролики барномаи мазкур пахш гардидааст.
Дар муассисаҳои таълимӣ як қатор тренингу семинарҳо бо волидон, омузгорон ва маъмурон ҷиҳати истифода аз имкониятҳои барнома гузаронида шуд.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳавасмандгардонии машваратчиён, омӯзгорон ва маъмурони фаъоли барномаи электронии “eDonish”дар ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Дукшанбе бо сипосномаҳо сарфароз гардида шуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед