Вохӯрӣ бо ширкати VisionLabs

22 майи соли 2023 директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод бо директори генералии VisionLabs Дмитрий Марков мулоқот намуданд.

VisionLabs як ширкати русиягист, ки соли 2012 таъсис ёфтааст. Он ба эҷоди маҳсулоти нармафзор барои шинохти чеҳраҳо, баданҳо, мошинҳо, имову ишораҳо ва дигар ашёҳо, инчунин дар татбиқи абзорҳои афзояндаи воқеият махсус гардонида шудааст.

Тарафҳо дурнамои ҳамкорӣ дар лоиҳаҳои мониторинги «Шаҳри бехатар» ва GPS- мониторингро баррасӣ намуданд.

Зимни вохурӣ қайд карда шуд, ки технологияҳои биометрӣ дар бисёр самтҳои марбут ба таъмини амнияти дастрасӣ ба иттилоот ва объектҳои моддӣ, инчунин дар вазифаҳои ягонаи муайян кардани шахсият фаъолона истифода мешаванд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top