23 апрели соли 2026 бо ташаббуси КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи хонандагони Муассисаи давлатии Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, ба IT Park-и шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Дар ҷараёни сафар хонандагон аз наздик бо инфрасохтори муосир ва тарҳҳои амалкунандаи IT Park шинос шуданд. Ба онҳо лоиҳаҳои навоварона, имкониятҳои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва нақши IT Park дар пешбурди инноватсияҳо муаррифӣ гардид.
Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси насли ҷавон ба самтҳои технология ва инноватсия, инчунин ташаккули ҷаҳонбинии муосири технологӣ амалӣ карда шуд.







Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte