Дар Душанбе Ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва имкониятҳои нав баргузор шуд

18 декабри соли 2025, ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷират, дар бинои IT Park шаҳри Душанбе Ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва имкониятҳои нав баргузор гардид.

Чорабинӣ бо мақсади мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон дар бораи имкониятҳои касбомӯзӣ ва кор дар дохил ва хориҷи кишвар ташкил шуд.

Дар ярмарка гӯшаи КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони ширкатҳо, муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои марбут ба муҳоҷират иштирок намуда, ба меҳмонон маълумоти муфассал дар бораи ҷойҳои корӣ, курсҳои омӯзишӣ ва хизматрасониҳои дастгирӣ пешниҳод карданд.

Чорабинӣ ба таҳкими рушди касбии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои пайвастан ба бозори меҳнат мусоидат намуд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top