Чорабинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон

24 ноябри 2021 дар корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинии идона директори корхона Саъди Самадзод суханронии табрикӣ карданд. Дар суханронии худ директор аҳаммияти парчамро ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва ифодаи ҳисси садоқат ба Ватан қайд намуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти парчами ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои глобалии он дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазоворро гирифтааст.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top