Вохӯрии КВД «Шаҳри ҳушманд» бо ширкати Zhejiang Uniview Technologies Co., Ltd

12 марти соли 2025 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарияти ширкати чинии «Zhejiang Uniview Technologies Co., Ltd» баргузор гардид.

Zhejiang Uniview Technologies Co., Ltd, ки дафтари кории он дар шаҳри Ханчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин воқеъ аст, як провайдери таъминкунандаи ҷаҳонии маҳсулот, пешниҳодҳо ва имкониятҳои пурраи AIoT мебошад.

КВД «Шаҳри ҳушманд» дар бораи лоиҳаҳои дар шаҳри Душанбе татбиқшавандаро муаррифӣ намуд. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамгироии лоиҳаҳои корхона бо пешниҳодҳои AIoT-и ширкат барои мониторинг ва баланд бардоштани самаранокӣ баррасӣ шуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо аҳамияти ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаро барои рақамисозии инфрасохтори шаҳрӣ қайд намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top