Кумаки Бонки Чахони ба Точикистон барои мубориза бо COVID-19

Имрӯз Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс созишномаи грантӣ вобаста ба Лоиҳаи эътинои фаврӣ ба намуди нави коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба имзо расониданд. Маблағи лоиҳа 11,3 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ мегардад. Он талошу кӯшишҳои кишварро дар омодагӣ ва эътинои муассир ба хавҳои саломатии аҳолӣ ва хатарҳои иҷтимоие, ки бо пандемияи ҷаҳонии намуди нави коронавируси #COVID19 (сирояти Коронавирус) алоқаманд мебошанд, дастгирӣ мекунад.

Маблағгузорӣ барои ташкили тақрибан 100 кати нави ҷиҳозонидашуда барои шӯъбаҳои эҳё ва табобати интенсивӣ дар муассисаҳои тиббии саросари Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Ғайр аз ин, Лоиҳа ба таҳкими иқтидори низоми тандурустӣ барои муолиҷаи шахсони гирифтори намуди нави коронавируси COVID-19 равона шудааст. Маводҳои таъҷилан зарурӣ барои кӯмак дар ошкорнамоӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз намуди нави коронавируси COVID-19, аз он ҷумла лавозимот барои гузаронидани санҷиш, реагентҳо барои озмоишгоҳҳо ва таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ барои кормандони тиб, низ харидорӣ мешавад. Кормандони шӯъбаҳои эҳё ва табобати интенсивӣ оид ба нигоҳубини беморони гирифтори намуди нави коронавируси COVID-19 ва пешгирии он, аз ҷумла оид ба масоили дар ояндаи дарозмуддат расонидани кӯмак ба беморони вазнин, омӯзонида мешаванд.

“Бо дарназардошти дучор будани Тоҷикистон ба хавфи баланди пандемияи ҷаҳонии намуди нави коронавируси COVID-19, кишвар бояд ба таври муносиб низоми тандурустӣ ва иҷтимоии худро барои эътинои фаврӣ ва муассир, омода намояд,” мегӯяд Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. “Лоиҳаи мазкур дар талошҳои кишвар ҷиҳати андешидани чораҳои пешгирикунанда, муҳофизати кормандони тиббӣ ва то ҳадди имкон коҳиш додани ҳодисаҳои сироятёбӣ аз намуди нави коронавируси COVID-19 дар баробари расонидани кӯмак ба қишри аз ҳама осебпазири аҳолӣ, бахусус кӯдакон мусоидат хоҳад намуд.”

Дар доираи Лоиҳа чорабиниҳои иттилоотдиҳӣ тавассути васоити ахбори омма ва ҷамоаҳои маҳаллӣ низ маблағгузорӣ мегарданд, то ки мардум бо маълумоти дахлдор дар бораи пандемия ва чораҳои муассири пешгирӣ ба монанди мунтазам шустани даст таъмин бошад.

Илова бар ин, бо мақсади кам кардани таъсири имконпазири пандемия ба қишри аз ҳама камбизоат ва осебпазири ҷомеа, дар доираи Лоиҳа пардохти маблағи пулии фаврӣ (трансфертҳо) маблағгузорӣ мегардад. Ин дастгирии молиявӣ дар навбати аввал ба оилаҳои дорои кӯдакони хурд, ки аз норасоии маҳсулоти озуқа азият мекашанд, дар ҳолати нотавонии онҳо дар баробари болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа, пешниҳод мегардад. Ин маблағи пулӣ метавонад дар муқовимат бо афзоиши имконпазири хавфи норасоии ғизо дар байни оилаҳои дар ҳолати буҳронӣ қарордошта, кӯмак расонад.


Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон
Хабар медиҳад.

Илова кунед.

scroll to top