Рӯзи 24.05.2020. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус – COVID-19 аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба шаҳри Душанбе, ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд.
Ҳамчунин бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 ба шаҳри Душанбе омаданд.
Бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу тадбирҳои муҳиму саривақтии Раиси шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 5 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), Ҳукумати мардумии музофоти Шенсӣ бошад, 10 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), 2400 баста либоси муҳофизатии яккарата, 9500 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ, 45000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 45000 дона бахил ва аз ҷониби Комиссияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии Созмони ҳамкориҳои Шанхайи Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷаи музофоти Шенсӣ зиёда аз 3000 Реагенти кислотаи нукелин барои муайянсозии сирояти коронавирус кумак намуданд.
Ҳаҷми кумак, дар маҷмуъ, маблағи беш аз 700 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Тамоми таҷҳизот ва лавозимоти тибии дастрасшуда, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус COVID-19 таъинот доранд, ҳамчунин барои муолиҷаи гирифторони бемории коронавирус пешбинӣ шудаанд, ба муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе супорида шуд.
dushanbe.tj Хабар медиҳад.
Илова кунед