Аз 12 то 17 майи соли 2026 дар шаҳри Қазон Ҷумҳурии Тотористон, XVII Форуми байналмилалии иқтисодӣ “Kazan Forum” баргузор мегардад.
Ин чорабинӣ ҳамчун майдони асосии давлатӣ барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни минтақаҳои Русия ва кишварҳои дигар хизмат мекунад, ки дар он имкониятҳои нави сармоягузорӣ, табодули таҷриба, муаррифии маҳсулот ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ фароҳам оварда мешаванд.
Ҳамзамон роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” низ дар форум иштирок намуда, оид ба самтҳои асосии фаъолияти корхона, саҳми он дар рушди инфрасохтор ва пешбурди раванди рақамикунонии шаҳри Душанбе баромад намуд.




Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte