Худи ҳамон рӯз ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маркази мониторинг ва вокуниши фаврии «iKOMEK»-и Ҳокимияти шаҳри Нур-Султон дидан намуданд.
Дар ин ҷо ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ доданд, ки маркази мазкур бо реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият карда, ҳамаи марказҳои тамоси муассисаҳои коммуналии шаҳрро мепайвандад ва бо ҳамин тариқ нуқтаи марказии робита бо аҳолӣ ба шумор меравад.
Дар марказ «iKOMEK» 60 мутахассис ва 6 ҳазор камераҳои мушоҳидавӣ фаъолият дошта, ба таври шабонарӯзӣ барои таъмини амнияти шаҳрвандон хизмат менамоянд.
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед