Иштироки КВД “Шаҳри ҳушманд” дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ

15 майи соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки зиёда аз 40 корхонаю муассисаҳо ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиши маҳсулот барои хатмкунандагон баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Муовини аввали ректори Донишгоҳ, Насриддинзода Мирзомудин Шамсудин, таъкид намуд, ки омода намудани мутахассисони рақобатпазир, мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ва бархурдор аз техникаву технологияҳои муосир, эҷодкору навовар яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар ярмарка намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” низ фаъолона иштирок намуда, оид ба сиёсати кадрии корхона маълумоти мухтасар пешниҳод карданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top