Лоиҳаи “eDonish” бо ҷоизаи “Алмоси Navo 2026” сарфароз гардид

1 майи соли 2026 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маҳфили бошукӯҳ бахшида ба ҷашни солгарди радиои “Наво” баргузор шуд. Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти радиои “Наво” се ҷоизаи аввалини худ таҳти унвони “Алмоси Наво” таъсис дода, ба ғолибони ҷашнвора супурд.

Бо ифтихор хабар медиҳем, ки Лоиҳаи “eDonish” дар номинатсияи “Лоиҳаи беҳтарин” бо ҷоизаи “Алмоси Navo 2026” сарфароз гардид. Ин дастоварди муҳим на танҳо эътирофи саҳми “eDonish” дар рушди соҳаи рақамӣ ва маориф мебошад, балки нишондиҳандаи эътимоди ҷомеа ба навовариҳои мо дар самти таҳсилоти электронӣ аст.

Ҷоизаи “Алмоси Navo 2026” ба лоиҳаҳои пешсаф ва муассир дар арсаи фарҳанг, маориф ва технология дода мешавад. Ба даст овардани ин ҷоиза барои “eDonish” қадами нав дар роҳи густариши имкониятҳои таълимӣ ва таҳкими мавқеи он ҳамчун платформаи муосири донишандӯзӣ мебошад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top