Вохурӣ дар Бонки Рушди Авруосиё.

Санаи 11 августи соли 2020 дар дафтари кории Бонки Рушди Авруосиё вохурии директори намояндагии Бонки Рушди Авруосиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Садихов Паша Мамедович ва директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Самадзод Саъдӣ Хайрулло баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои озод, дустона ва созанда гузашт, ҷонибҳо доираи васеъи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла онҳо дар бораи ҳолат ва дурнамои рушди татбиқи “лоиҳаҳои ҳушманд” аз ҷумла: “Тибби осон” дар соҳаи тандурустӣ, “eDonish” дар соҳаи маориф, “GPS- tracking” дар соҳаи нақлиёт, лоиҳаҳои “Партовҳо” ва “IT-Park”-парки инноватсионию коммуникатсионӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба мақсади сармоягузорӣ суҳбати судманд анҷом доданд.

Пас аз анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии ҳаматарафаи худро баҳри густариши ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ иброз доштанд.

Обуна шавед Viber

Обуна шавед Telegram

Илова кунед

scroll to top