Саммити экологии минтақавӣ “RES 2026 EXPO” шаҳри Остона

22 апрели соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи Саммити экологии минтақавӣ-2026 намоишгоҳи байналмилалии “RES 2026 EXPO” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуда, бо як қатор лоиҳаҳои муосир, лоиҳаҳои ҳушманд, лоҳаҳои сабз, самти ҷамъоварӣ, ҷудосозӣ ва коркарди дубораи намудҳои гуногуни партовҳои сахти маишӣ шинос шуданд.

Иштироки корхона дар ин намоишгоҳ имконият фароҳам овард, ки таҷрибаи пешрафта ва ҳалли навоваронаи кишварҳои гуногун дар самти идоракунии устувори муҳити зист мавриди омӯзиш қарор гирад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top