Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид.

17 марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе  таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ҷиҳати вусъат додани корҳо дар самти татбиқи босамари «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар шаҳри Душанбе ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Вакилон дар идома, татбиқи «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» дар шаҳри Душанбе ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтро муҳокима намуда, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ин робита ба муовини Раиси шаҳри Душанбе – сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати иҷрои босифати барнома ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти сиёсати давлатии табияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷалби бештари сокинон ба тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши касбӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳозиринро ба муносибати фарорасии Иди саиди фитр ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику шодбош гуфта, изҳори боварӣ намуданд, ки мардуми сарбаланди пойтахт бо баргузории корҳои созандагиву ободонӣ баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон ва пеш аз ҳама дар сатҳи шоиста таҷлил намудани ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top