18 марти соли 2026 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии миёни намояндагони Бонки Авруосиёии рушд ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом, сардори шуъбаи нақлиёти шаҳри Душанбе, намояндагони КВД “Шаҳри ҳушманд”, директори Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки Авруосиёии рушд Петров Александр Владимирович ва намояндагони Бонки Авруосиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Мавзӯъҳои асосии мулоқот таъсиси маркази асосии логистикӣ дар шаҳри Душанбе, моделсозии нақлиёти шаҳрӣ ва таъсиси парки нави автобусҳои муосир барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, муосиргардонии низоми идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва рушди инфрасохтори коркарди онҳо дар шаҳри Душанбе, Системаи равшании ҳушманд дар шаҳри Душанбе барои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, амният ва муҳити мусоиди шаҳрӣ баррасӣ шуд.
Иштирокчиён аҳамияти рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва ҷорӣ намудани ҳалли рақамиро барои баланд бардоштани самаранокии муҳити шаҳрӣ таъкид карданд. Дар ҷараёни мулоқот қадамҳои муштарак барои амалӣ намудани лоиҳаҳо муайян гардиданд, ки ҳадафашон беҳтар намудани инфрасохтори шаҳр барои сокинони шаҳри Душанбе мебошад.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte