Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми мардуми шариф ва фарҳангдӯсти Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд!
Забони тоҷикӣ ин ганҷи бебаҳои фарҳанги миллӣ, рамзи ҳастии миллат ва василаи пайвандсозии наслҳо мебошад. Забонест, ки дар он таърихи пурифтихор, адабиёти ғанӣ ва ҳувияти миллии мо таҷассум ёфтааст.
Бигзор забони тоҷикӣ ҳамеша пок, равон, пурғановат ва саршор аз муҳаббат ба Ватан бимонад! Орзуманди онем, ки ҳар як фарди ҷомеа дар ҳифз, рушд ва густариши он саҳмгузор бошад.
Ба ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз, саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав ба нав орзумандем.
Рӯзи забон муборак бод!
“МД “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Хабар медиҳад.
Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte