НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

ш.Душанбе. 17.02.2023. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2022 нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муассисаву корхонаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2022 дар назди намояндагони васоити ахбори омма гузориш доданд.

Тавре зикр гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 22,5 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,1 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,5 фоизро ташкил дод.

Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридот-ивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар соли 2022 заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулотҳо дар соҳаи коркард, аз ҷумла нассоҷӯ, дӯзандагӣ, чарм, маснуот аз чарм ва пойафзол 102,5 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, фаъолияти табъу нашр ва қоғаз 123,2 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ 2,6 маротиба, металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 1,8 маротиба, таҷҳизоти барқӣ 1,9 маротиба ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёт 141,1 фоиз афзоиш ёфтааст.

Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, инчунин дар доираи эълон гардидани солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026 бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаҳои муосири истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб, асфалтбарорӣ, сангмайдакунї, бетон ва қолинбофӣ оғоз бахшида шуд.

Бо ин мақсад ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022, №309 «Дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022-2026» сохтмон ва бунёди 71 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойи нави корӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, ки аз ин шумора ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 17 адад корхона сохта ба истифода дода шуд.

Аз ҷумла, аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6080 ҷой, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2400 ҷой, аз ҳисоби мақомот азнавсозии 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 27232 ҷой идома доранд.

Инчунин, дар 45 муассисаи томактабӣ барои беш аз 7690 ҷой, ки дар зери биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҷойгир мебошанд, корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра яке аз иншоотҳои муҳими ҷашнӣ – «Майдони истиқлол» ба маблағи умумии зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ бунёд гардида, дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар пойтахт бо ташаббус ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе бунёду азнавсозии 10 адад меҳмонхонаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт роҳандозӣ гардида, айни ҳол 3 адади он мавриди истифода қарор дода шуд ва дар боқимонда иншоотҳо корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4284 чорабиниҳои гуногун, бахусус дар самти бунёди иншоотҳои иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 13 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи ин ҷашни бузурги миллӣ, соли ҷорӣ 708 адад чорабинӣ, аз ҷумла бунёди 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 17 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 16,3 километр роҳ, 11 бинои маъмурӣ, 23 иншооти баландошёна бо 28 маркази хизматрасонӣ, 8 иншооти варзишӣ, рангубори 146 бино, 60 нуқтаи партовпартоӣ ва як қатор корҳои дигар бо таъсиси беш аз 2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ амалӣ карда шуд.

Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар 11 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 23,7 километр, 1 адад иншооти ирригатсионї бо дарозии 2,43 километр ва дар 26 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳо дар қитъаҳои 2 ва 3 бо дарозии 5км бомаром идома дошта, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар соли 2022 ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 13,4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,3 фоиз зиёд мебошад.

Афзоиши ҳаҷми умумии гардиши савдо, ҳаҷми савдои яклухт 3,3 миллиард сомонї ё 108,4 фоиз ва савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 9,5 миллиард сомонӣ ё 109,7 фоиз мусоидат намудааст.

Дар моҳи декабри соли 2022 таваррум (нисбат ба моҳи декабри соли 2021) дар сатҳи 4,2 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия як қатор санадҳои дахлдор, аз ҷумла қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 январи соли 2022, №39 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2022» таҳия ва ба тасвиб расид.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 майи соли 2022, №220 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» ва бо инобати супоришҳои иловагӣ КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» вазифадор гардидааст, ки маҳсулотҳои ниёзи аввалияро, аз қабили картошка – 5000,0 тонна, пиёз – 6000,0 тонна, сабзӣ – 1000,0 тонна, шакар – 2000,0 тонна, равғани растанӣ – 500,0 тонна, орд – 3000,0 тонна, гандум – 6000 тонна ва биринҷ – 100,0 тонна захира намояд.

Дар ин давра иҷрои нақшаи захираи картошка – 100, 2 фоиз, пиёз 100,1 фоиз, шакар – 1,5 маротиба, равғани растанӣ – 141,7 фоиз, орд – 119,0 фоиз, гандум – 116,7 фоиз ва биринҷ – 2,1 маротиба амалӣ гардида, дар баробари маҳсулотҳои захирагардида, иловатан 30,0 тонна ангур низ харидорӣ ва захира карда шуд. Ба ин нигоҳ накарда корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.

Бо мақсади омӯзиши касбу ҳунар 3410 нафар шаҳрвандони бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ сафарбар карда шуданд. Аз шумораи умумии ба касбомӯзӣ фарогирифташудагон 3019 нафарро занон ташкил медиҳанд. Касбомӯзии шаҳрвандон аз рӯи 19 намуди касбу ихтисосҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст.

Мақомот фаъолияти худро дар самти рушди маънавиёт, ташаккули ватандӯстиву хештаншиносии сокинони шаҳр, дастгирии фаъолияти эҷодии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ ба таври њамешагӣ равона намуда, баҳри иҷрои барномаву нақшаҳои марбутаи соҳа чораҳои мушаххас меандешад.

Бо мақсади иштироки аҳли ҷомеа дар корҳои созандагӣ ва ҳамбастагии онҳо ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина мусоидат намудан ба рушди маънавиёти ҷомеа, таъмини солимии оила ва фарҳанги оиладорӣ, риояи танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим, арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва фарҳанги шаҳрнишинӣ 56 маротиба вохӯрию мулоқотҳои бевоситаи роҳбарияти мақомот бо фарогирии зиёда аз 18,1 ҳазор нафар масъулини сохторҳои марбута ва сокинони як қатор шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт доир карда шуд.

Маориф яке аз бахшҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, баҳри рушди ҳамаҷонибаи он пайваста чораҳои муассир амалӣ гардида истодааст.

Дар шаҳри Душанбе 161 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ин теъдод 96 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 53 муассисаи томактабии хусусӣ ва 12 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо бо фарогирии 31471 нафар тарбиятгирандагон ва 1825 нафар мураббияҳо фаъолият намуда истодаанд.

Дар баробари ин, 199 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 12 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 178 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои типи нав ва махсус), 2 муассисаи таҳсилоти ғоибона фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод, 157 муассисаҳои таълимии давлатӣ ва 42 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ бо фарогирии 274920 нафар хонанда фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 129621 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Дар ин давра 360 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ (77 нафар ҷойи якум, 125 нафар ҷойи дуюм ва 158 нафар ҷойи сеюм) ва 1087 хонанда дар олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ (222 нафар ҷойи якум, 328 нафар ҷойи дуюм ва 537 нафар ҷойи сеюм) сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Инчунин, дар доираи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» 627 нафар довталаб иштирок намуда, дар натиҷа 76 нафари он дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолї, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ, яке аз вазифаҳои асосии мақомот ба ҳисоб меравад.

Дар сохтори тандурустии пойтахт айни замон 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд. Дар 16 муассисаи табобатӣ 2779 кати муолиҷавӣ ва дар 2 маркази дастгирии оила ва кӯдак 200 кат ташкил карда шудааст, ки дар онҳо кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманди то синни 7 сола бистарӣ мешаванд. Аз ин шумора 919 катҳои терапевтӣ, 614 катҳои ҷарроҳӣ, 505 катҳои акушер-гинекологӣ ва 741 катҳои педиатрӣ мебошанд.

Дараҷанокии касбии табибон дар муассисаҳои тандурустӣ 65,1 фоиз ва кормандони миёнаи тиб бошад 58,8 фоизро ташкил медиҳад.

Яке аз бахшҳои муҳими иҷтимоӣ дар фаъолияти мақомот соҳаи фарҳанг ба ҳисоб рафта, масъулини соҳа баҳри дар сатҳи муносиб баргузор намудани иду ҷашнҳо чораҳо андешида, доир ба рушди соҳаи мазкур як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуданд.

Айни замон, дар тобеияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 24 муассисаи фарҳангию фароғатӣ (бо дарназардошти 12 адад шуъбаҳои китобхонаи ба номи
А. Лоҳутӣ) фаъолият менамоянд.

Аз ҷумла, 6 муассисаи таълимӣ, бахусус 4 мактаби мусиқии бачагона, 1 мактаби бачагонаи санъат, 1 мактаби бачагонаи рассомӣ, ҳамчунин 2 китобхона, 2 театр, 1 маркази илмию методӣ ва 1 клуби марказонидашуда бо фарогирии 578 нафар корманд фаъолият доранд.

Айни ҳол, дар муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мактаби бачагонаи санъат ва мактаби бачагонаи рассомӣ 928 нафар муҳассилин бо омӯхтани фанҳои гуногуни ҳунар ва мусиқӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар ин давра аз ҷониби Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов ва Театри намунавӣ – минётураи «Ойина» ҷиҳати баланд бардоштани маданияту маърифати шаҳрнишинӣ, ҳувияти миллӣ, ватанпарастии наврасону ҷавонон як қатор намоишнома ва саҳнаҳои ҳунарӣ рӯи саҳна гузошта шуданд.

Баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхӯрии оила, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни бонувон, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ силсила тадбирҳо амалӣ карда шуд.

Дар шаҳри Душанбе аз шумораи умумии аҳолӣ 585,2 ҳазор нафарро бонувон ташкил медиҳанд.

Дар ин давра 5692 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардида, 3019 нафари дигар курсҳои касбомӯзиро аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, попуридӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ хатм намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 8462 оилаи нав ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 345 ҳолат кам мебошад.
Бекоршавии ақди никоҳ бошад 2422 ҳолатро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 98 адад кам мебошад.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии кор бо занон ва оила дар умум 5511 чорабиниҳо аз ҷумла, 115 – вохӯриву мулоқот, 13 – семинарҳои омӯзишӣ, 12 – озмунҳои маърифатӣ – фарҳангӣ, 14 – мизи мудаввар, 3 – курсҳои омӯзишӣ, 9 – конференсия, 5 – фестивал, 4 – ҳамоиш, 3 – машварати сайёр, 2 – маҳфили илмию адабӣ, 21 – маҳфилҳои фарҳангӣ, 92 – аксияи тозагӣ, 48 – аксияи «Тоҷикона мепӯшем» ва 232 – гардишҳои маърифатию иттилоотӣ, инчунин 4938 маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пушидани сару либос бо иштироки 46,6 ҳазор нафар бонувон баргузор карда шуд.

Дар робита ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар ин давра як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.

Бо ин мақсад дар пойтахт дар самти татбиқи сиёсати ҷавонон 1640 чорабинӣ бо фарогирии 447,3 ҳазор нафар, баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 1184 чорабинӣ бо фарогирии 299,3 ҳазор нафар, дар маҷмӯъ 2824 чорабинӣ бо фарогирии 746,6 ҳазор нафар гузаронида шуд.

Дар шаҳри Душанбе 10 муассисаи давлатии «Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ» мавҷуд буда, дар онҳо 203 нафар мураббиёни дорои дараҷа ва унвонҳои фахрию варзишии баландихтисос ба 5366 нафар варзишгарон дар 343 гурӯҳ машқу тамринҳоро ба роҳ монданд.

Дар ин давра дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ ва варзишгарони шаҳри Душанбе дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиёву Ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва бозиҳои Осиё ширкат варзида, соҳиби 8215 медал (тилло – 2937 адад, нуқра – 2592 адад ва биринҷӣ – 2686 адад) гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар ин давра Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳҳои ҳудуди пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ байни наврасон, ҷавонон, калонсолон, бонувон ва шахсони имконияташон маҳдуди минтақаҳои Осиё баргузор гардид.

Самти сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.

Дар ин давра беш аз 192 ҳазор меҳмонон аз хориҷи кишвар ба шаҳри Душанбе сафар намуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 2 маротиба зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки зимни сайёҳат меҳмонон аз гӯшаю канорҳои пойтахти кишвар дидан намуда, вобаста ба санъати меъморию шаҳрсозӣ, шумораи боғу гулгаштҳо, хӯрокҳои миллӣ ва сатҳи баланди хизматрасонӣ баҳои мусбӣ доданд.

Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси ниёгон 65 чорабинӣ ташкилу баргузор карда шуд.
Таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар ин давра нишон медиҳад, ки шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ, чораҳои зарурӣ меандешад.

Моро дар пеш вазифаҳои азими созандагӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоқикистон ва татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар водор месозад, ки таҳти дастуру супориш ва нишондодҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кору пайкор намоем. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанберо боз ҳам обод намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ намоем.

Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба пурсишу суолҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2022 ва нақшаҳои шаҳрдорӣ барои давраи минбаъда посух гуфтанд.

dushanbe.tj Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top