Чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Директори корхона муҳтарам Саъдӣ Самадзод сароғоз кормандонро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, дар бораи таърих ва ойини парчаму парчамдорӣ ва Парчами давлатӣ, ки яке аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад, суханронӣ намуд.

Қайд карда шуд, Парчам ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву якдилии халқу миллатҳои ҳар кишвар, мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳими фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд.

Сипас, дигар кормандони корхона дар бораи таърих ва моҳияти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top