Соати сиёсӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат»

Имрӯз иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат» дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х. бо кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» соати сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд.

Ташаббуси баргузории соати сиёсӣ дар тамоми сохторҳои давлатӣ аз ҷониби кормандони сохторҳои давлатӣ хуш пазируфта шуд. Қайд карда шуд, ки ҳар яки мо ҳамчун шахси ватандӯст бояд дар корҳои ҷамъиятӣ то ҳадди имкон фаъол бошем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи Барномаи ҳизб дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, дар сохаи иктисодиёт, маориф, илм ва маданият муваффакиятхо ба даст овард.

Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби масъулияти таърихидошта ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ ва асолати миллӣ, таъмини ризоияти ҷомеа тавассути ҷалби шаҳрвандон ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кўшиш ба харҷ медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top