Омӯзгорони арҷманд!

Воқеан, маҳз дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ, саъю талоши фидокорона ва хизмати қаҳрамононаи омӯзгорону мураббиёни асил ва устодони азиз шогирдони арзандаву сазовор ба камол расида, миллату давлати худро ободу пешрафта мегардонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба нақш ва мақоми омӯзгор дар тарбия ва ба камол расонидани насли ободкору бунёдгар дар ҷомеа изҳори назар намуда, таъкид доштаанд, ки: “Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем”.

Дар ин рӯзи фархундаву ҳумоюн Шумо – устодони арҷманд ва чароғафрўзони фардои ҷомеаро бо Рӯзи омӯзгор, шодбош гуфта, бароятон тавфиқи ҳамешагӣ, офият ва саломатии бардавомро хоҳонем!
Иди касбӣ муборак, омӯзгорони азиз!

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top