Вохӯрии Муовини Раиси шаҳри Душанбе оиди лоиҳаи «GPS» tracker бо директорони нақлиётҳои ҷамъиятӣ

Санаи 9 феврали соли 2022 дар бинои КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии Муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро ва Директори КВД «Шаҳри ҳушманд» Саъдӣ Самадзод бо директорони ККВД «Автобус 1,2,3», ККВД «Троллейбус» ва директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе, баргузор гардид.

Мақсади асосии вохӯрии, ин оғози татбиқи лоиҳаи идоракунии низоми электронии навигатсияи нақлиётҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ насби таҷҳизотҳои «GPS» tracker, санҷандаи сатҳи сузишворӣ дар автобус ва таҷҳизоти баҳисобгирии ҷараёни мусофирон дар автобус ва троллейбусҳои шаҳри Душанбе буд.

Бояд қайд кард, ки лоиҳаи мазкур бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 19 июли соли 2021, №423 ба имзо расонида шуда зиёда аз 350 нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанберо дар бар мегирад. Дар доираи лоиҳа омода намудани маркази диспетчери дар заминаи МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе ва омузонидани ронандагони нақлиётҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе дар назар аст.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top