Аввалин Парки технологӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷоягӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» бунёди Парки технологиро ба нақша гирифтааст. Ин аввалин IT парк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд. IT парк дар Душанбе аввалин синтези ҳамгироии илм, маориф ва технологияҳои инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.

Паркҳои технологӣ шакли муосири ҳамгироии илм ва истеҳсолот ба ҳисоб рафта, бо мақсади вусъат бахшидани тадқиқот ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмию техникӣ ва технологӣ тавассути фаъолияти мутахассисони ташаббускор, доираҳои академикӣ, истифодаи васеи базаи истеҳсолӣ, таҷрибавӣ ва иттилоотӣ созмон дода мешавад. Ба истилоҳи дигар, паркҳои технологӣ маконест, ки мутахасссисони болаёқат идеяҳои худро ба кори амалӣ табдил медиҳанд. Дар ҳамаи кишварҳои рушдёфта паркҳои технологӣ ҳамчун элементи калидии инфрасохтори иқтисодиёти муосири инноватсионӣ хизмат мекунанд.

Таъсиси паркҳои технологӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ метавонанд дар ояндаи наздик дар ҳалли чунин масъалаҳои глобалӣ, аз қабили таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ; ташаккул ва рушди низоми миллии тиҷорати рақамӣ; дастгирӣ ва роҳнамоии лоиҳаҳо/моделҳои тиҷоратии нав (Startup), афзоиши ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ки ба кишвар сармояи дохиливу хориҷиро ҷалб мекунад, мусоидати амиқ кунанд.

Ташкил ва фаъолияти назарраси паркҳо ва марказҳои технологӣ дар шаҳру ноҳияҳо барои рушди низоми иқтисоди инноватсионӣ мусоидат мекунанд. Чунин муҳит барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати ҷалби ғояҳо, технологияҳо, ҳалли масъалаҳо тариқи низоми рақамӣ ва мутахассисони боистеъдод пешбинӣ шудааст.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top