ш.Душанбе. 17.02.2022. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021 нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муассисаву корхонаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021 дар назди намояндагони Воситаҳои ахбори омма гузориш доданд.
Тавре зикр гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо дар соли таљлили Љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.
Бо дарназардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд.
Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ, Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 18,9 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,2 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,1 фоизро ташкил дод.
Қобили зикр аст, ки дар ин давра рушди Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 120 фоиз, гардиши савдо 114,2 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 105 фоиз, боркашонӣ 107,1 фоиз ва мусофиркашонӣ 115,5 фоиз таъмин гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 536 адад корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 3,2 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112 фоизро ташкил дод.
Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот ба 48,7 миллион сомонӣ ё 67,4 фоиз, саноати коркард 2 миллиард сомонӣ ё 118,3 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1млд. 160 (як миллиарду як саду шаст) миллион сомонӣ ё 118,2 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 66,9 миллион сомонӣ ё 107,1 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин гардидааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар моҳҳои январ-декабри соли 2021 истеҳсоли энергияи барқ беш аз 1,7 миллиард кВт соатро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи филиали Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ ба миқдори 3,4 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 322,3 миллион кВт соат зиёд мебошад.
Дар ин давра бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зеристгоҳи барқии «Саноатӣ», воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов, ноҳияи Сино баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022 барои қабули энергияи гармӣ дар пойтахт 200 адад иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ин шумора бо дарназардошти биноҳои пайвастгардидаи солҳои пешин ба 2762 адад баробар мегардад, ки иҷроиши он барзиёд таъмин гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 4,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,2 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 1,9 миллиард сомонӣ ё 43 фоиз ба маблағгузориҳои давлатӣ, 2,3 миллиард сомонӣ ё 51 фоиз ба маблағгузориҳои шахсӣ ва 295 миллион сомонӣ ё 6,5 фоиз ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ, таъмир ва азнавсозӣ дар 22 иншоот барои 39604(сиву нуҳ ҳазору шашсаду чор) ҷойи нишаст дар ду баст ба роҳ монда шудааст.
Дар ин давра, дар 19 муассисаи томактабӣ барои беш аз 3374 ҷой, ки дар зери биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҷойгир мебошанд, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4201 номгӯи чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шуда буданд, ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар шаҳри Душанбе 4371 чорабинӣ амалӣ карда шуд, ки ин 104 фоизи иҷрои нақшаи умумиро ташкил медиҳад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур, дар ин давра бунёди 16 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 14228 ҷой, 14 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1980 ҷой, 8 адад маркази ташхисию табобатӣ барои 942 кат, 50 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, сохтмони 225 адад бинои баландошёна бо ҷойгиронии 161 адад марказҳои савдою хизматрасонӣ, 19 адад бинои мақомотҳои дахлдори давлатӣ, 62 адад майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакона, 9 адад гулгашт, 5 адад толори варзишӣ, 4 адад ҳаммом, 4 адад сардхона, таъмири 116 адад хобгоҳҳо, таъмиру азнавсозии роҳҳо бо дарозии 162,1 км (644131 м2), таъмир ва рангубори обравҳо, сангканораҳо, қуттиҳои партовҷамъкунӣ, иваз намудани истгоҳҳои трансформаторӣ, симчубҳо, симҳои луч, шинонидани ниҳолҳо ва гулҳои мавсимӣ, майсазоргардонӣ, рангубори 2321 адад биноҳо, азнавсозии 552 адад нуқтаҳои партовпартоӣ ва як қатор корҳои дигар бо таъсиси беш аз 15,0 ҳазор адад ҷойи нави корӣ амалӣ карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар 8 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 16 километр, дар 1 адад иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 1,5 километр ва дар 55 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ бо маблағи умумии 260 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Бояд зикр намуд, ки бо ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳо дар қитъаҳои 2 ва 3 бо дарозии 5км бо маром идома доранд.
Дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 16 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ ва 11 ширкати таксӣ амалӣ гардида истодааст.
Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 84 хатсайри мусофирбари ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон, тибқи шартномаи ба имзорасонидашуда дар соли 2021 10 адад автобуси дуошёна ва 50 адад автобуси тамғаи «AKIA» бо дарозии 8 метр аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардида, то инҷониб 10 адад автобуси дуошёна ва 20 адад автобуси мусофиркаш мавриди истифодабарии сокинону меҳмонони пойтахт қарор дода шуда, 30 адад автобуси боқимондаи тамғаи «AKIA» дар ширкати мазкур банду баст гардида истодааст.
Дар асоси иқдомҳои созанда ва дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати мукаммалгардонии парки техникии корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе бо таҷҳизоту воситаҳои муосир дар асоси Созишнома бо ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар давоми соли 2021 ба пойтахт 466 адад техникаҳои коммуналӣ оварда шуданд.
Дар ин давра, дар хатсайри автобусгарду троллейбусгард пардохти роҳкиро ба пуррагӣ тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидааст.
Аз оғози татбиқи низоми мазкур то давраи ҳисоботӣ барои истифодаи хизматрасониҳои мусофиркашонӣ тибқи низоми мазкур зиёда аз 681 ҳазор адад кортҳои пластикӣ ба сокинону меҳмонон дастрас карда шуд.
Тибқи маълумоти пешакӣ дар соли 2021 ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 11,4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 15 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра ба афзоиши ҳаҷми умумии гардиши савдо, ҳаҷми савдои яклухт 3м342 (се миллиарду сесаду чилу ду) миллион сомонӣ ё 118 фоиз ва савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 8м118 (8 миллиарду як саду ҳаждаҳ) миллион сомонӣ ё 114 фоиз мусоидат намудааст.
Дар соли 2021 нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 3414 (се миллиарду чаҳор саду чордаҳ) миллион сомонӣ ё 103 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша беш аз 95 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 104 фоиз иҷро гардида, ба буҷет беш аз 2 миллиарду 429 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 103 миллион сомонӣ зиёд аст.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе ба андозаи 99,2 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр беш аз 2 миллиарду 429 миллион сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 446 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра аз буҷети шаҳри Душанбе ба андозаи зиёда аз 972 миллион сомонӣ маблағ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 205 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб зиёда аз 117 миллион доллари ИМА ва дар давраи ҳисоботӣ 28 миллион доллари ИМА аз худ карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки санаи 14 октябри соли 2021 дар доираи эълон гардидани «Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод – 2021» Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Душанбе – Инвест 2021» бо ҷалби 400 нафар иштирокчиён ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ баргузор гардид, ки зимни он 6 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 87,0 миллион доллари ИМА, ки дар шаҳри Душанбе амалӣ мегарданд, ба имзо расонида шуд.
Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия дар арафаи идҳои миллию давлатӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил намуда, дар маҷмӯъ дар ин давра зиёда аз 2005 тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалия бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинони пойтахт гардонида шуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии болоравии нарх ва ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолии ҳудуди шаҳр бо маҳсулоти гӯштӣ дар маҷмӯъ дар ин давра ба миқдори 529 тонна гӯшт, аз ҷумла 353 тонна гӯшти гов, беш аз 138 тонна гӯшти гӯсфанд ва 36 тонна гӯшти парранда бо нархи нисбатан арзон пешкаши харидорон гардонида шудааст.
Дар ин давра як қатор чорабиниҳо ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ ва безараргардонии он дар доираи барнома ва нақшаи чорабиниҳои техникии тасдиқгардида амалӣ карда шуд.
Чорабиниҳои зикргардида асосан барои кам намудани талафоти оби нӯшокӣ равона гардида, дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» зиёда аз 143 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол гардид.
Бо мақсади беҳдошти вазъи обтаъминкунӣ дар минтақаҳои ноҳияи Шоҳмансур ва қисмати ҷанубу шарқии пойтахт Лоиҳаи «Беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» дар асоси созишномаи грантӣ дар ҳаҷми наздики 46 миллион доллари ИМА байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Осиёии Рушд ба имзо расида, корҳои сохтмонӣ-васлгарии хати корезӣ идома дорад.
Ҳамзамон, ҷиҳати беҳтаргардонии вазъи сектори обтаъминкунӣ ва корезӣ дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Душанбе – ноҳияи Сино дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, татбиқи Лоиҳа дар ҳаҷми 30 миллион доллари ИМА, ҳамчун маблағи грантӣ оғоз гардидааст.
Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо ба миқдори 226,3 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 23 миллион бех гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола ва дар майдони 364,3 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 14977 (чордаҳ ҳазору нуҳсаду ҳафтоду ҳафт) нафар шаҳрвандони бекор (9844 нафар занон) бо ҷойи кор таъмин карда шуд.
Бо мақсади иштироки аҳли ҷомеа дар корҳои созандагӣ ва ҳамбастагии онҳо ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина мусоидат намудан ба рушди маънавиёти ҷомеа, таъмини солимии оила ва фарҳанги оиладорӣ, риояи танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим, арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва фарҳанги шаҳрнишинӣ 275 маротиба вохӯрию мулоқотҳои бевоситаи роҳбарияти мақомот бо фарогирии зиёда аз 50 ҳазор нафар масъулини сохторҳои марбута ва сокинони як қатор шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт доир карда шуд.
Бо мақсади ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ ва дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, инчунин рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо даври шаҳрии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шуд, ки дар он дар маҷмӯъ 238 нафар ғолиб гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмунҳои мазкур роҳхат гирифтанд.
Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар шаҳри Душанбе Олимпиадаи даставии «Истеъдод» бо тарҳу услуби нав ташкил ва баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ин давра як ҳазору яксаду ҳафтоду як нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар ва Олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, 803 нафари онҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ, яке аз вазифаҳои асосии мақомот ба ҳисоб меравад.
Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 88 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки ин 7,5 фоизи шумораи умумии аҳолии пойтахтро дар бар мегирад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 31,5 ҳазор нафар ё 36 фоизро аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.
Имрузҳо дар пойтахт даври сеюми иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 бо маром идома дорад.
Дар сохтори соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 3532 нафар табибон ва 6077 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар ин давра 2017 нафар, аз ҷумла 845 нафар табибон ва 1172 корманди миёнаи тиб дар муассисаҳои тандурустии пойтахт бо кор таъмин шудаанд.
Боиси зикр аст, ки бо мақсади пешгирӣ ва табобати саривақтии бемориҳои сироятӣ ҳоло 2 муассисаи сатҳи бистаринамоӣ, 15 маркази саломатии шаҳрӣ ва 2 маркази ёрии таъҷилии тиббӣ бо фарогирии 1544 нафар табибон ва 2182 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд.
Яке аз бахшҳои муҳими иҷтимоӣ дар фаъолияти мақомот соҳаи фарҳанг ба ҳисоб рафта, масъулини соҳа баҳри дар сатҳи муносиб баргузор намудани иду ҷашнҳо чораҳо андешида, доир ба рушди соҳаи мазкур як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи татбиқи Барномаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи марти соли ҷорӣ бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Иҷроияи фонди байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарии аъзои ИДМ, намояндагони кишварҳои ИДМ ва сохторҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани «Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод – 2021» баргузор гардида, дар доираи он давоми соли 2021 300 адад чорабиниҳои гуногуни шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир шудааст.
Дар ин давра бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва миллии тоҷикон ба сайёҳон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ сеюмин Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию сайёҳӣ”, Фестивали тобистонаи Душанбе – 2021 ва Фестивали «Мегафон Лайф Фест» дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо фарогирии беш аз 100 ҳазор нафар сокинону меҳмонони пойтахт доир карда шуданд.
Ҳамзамон дар ин давра 8530 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардида, 1954 нафари дигар курсҳои касбомӯзиро аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, попуридӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ хатм намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 6436 оилаи нав ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1951 ҳолат зиёд мебошад.
Аз ҷониби Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ошкор ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо 4593 адад санҷишҳои муштарак гузаронида шуда, 47 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор карда шуд.
Бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ 2000 чорабинӣ бо фарогирии беш аз 371 ҳазор нафар баргузор карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз 5289 муроҷиатҳои воридгардидаи шаҳрвандон 4134 ададро муроҷиати хаттӣ, 135 муроҷиат ба воситаи сомонаи Раиси шаҳри Душанбе ва 1020 муроҷиат аз дигар мақомотҳо ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 1990 ададро муроҷиати шифоҳӣ тавассути телефони боварӣ ташкил медиҳанд.
Аз теъдоди умумии муроҷиатҳои хаттии воридгардида аз тарафи сохторҳои дахлдори мақомот ва сохторҳои шаҳрӣ 5264 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки ин 99,5 фоизи муроҷиатҳои воридгардидаро ташкил медиҳад, 25 муроҷиати дигар дар ҳолати баррасӣ қарор дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи роҳбарияти шаҳр ва масъулони сохторҳо 2610 нафар шаҳрвандон қабул гардида, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоту дархостҳои онҳо ба сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас ирсол карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки қабули муроҷиатҳо тавассути суроғаи электронии мақомот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар ин давра аз 622 адад муроҷиат ва аксу наворҳои воридгардида, 276 адади он қабул, баррасӣ ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин ирсол карда шудааст.
Соли 2021 барои сокинони кишвари мо, аз ҷумла шаҳри Душанбе Соли таърихӣ ва хотирмон буд. Сокинони Душанбешаҳр барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни бузурги миллиамон 30–юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар доираи 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва эълон гардидани пойтахтамон – шаҳри Душанбе, ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободкорию хайрхоҳиро пайваста ба роҳ монда, соли ҳисоботиро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд, ки дар ин самт саҳми Шумо-кормандони Васоити ахбори омма низ калон аст.
Моро дар пеш вазифаҳои азими созандагӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар водор месозад, ки таҳти дастуру супориш ва нишондодҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кору пайкор намоем. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанберо боз ҳам обод намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ намоем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ, чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба пурсишу суолҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021 ва нақшаҳои шаҳрдорӣ барои давраи минбаъда посух гуфтанд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед