Мулоқоти муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо намояндагони БАТР

Санаи 15 феврали соли 2022 муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед бо директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» Самадзод Саъдӣ ва муовини директори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Талай Асылбеков мулоқот анҷом доданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед баромад намуда, аҳамияти таҳияи лоиҳаҳо дар соҳаи шаҳрҳои ҳушманд таъкид карданд.

Ҳадафи асосии муҳокима иҷрои Барномаи Шаҳри Сабз гардид. Лоиҳаҳои муҳимӣ Барномаи мазкур инҳоянд:
• Системаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ;
• Нақлиёти ҷамъиятӣ;
• Таъминоти гармидиҳӣ;
• Обтаъминкунӣ;

Ҷонибҳо ба лоиҳаи «Системаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ» таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Ин лоиҳа дар ҳоли таҳия ва татбиқ қарор дорад. Дар доираи оғози татбиқи он, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нақша дорад, ки системаи идоракунии интеллектуалӣ таъсис дода, Гуруҳи татбиқи лоиҳа дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.

Вохӯрӣ дар вазъияти дустона гузашта, ҷонибҳо ниятҳои худро барои ҳамкориҳои минбаъда ва рушди муносибатҳо изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top