ҲАМОИШИ ФАРҲАНГИЮ КОРИИ ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ш.ДУШАНБЕ. 23.05.2022. Робитаҳои хориҷии мақомоти иҷроияи ҳокимияти адвлатии шаҳри Душанбе бо шаҳру пойтахтҳои дигар кишварҳо торафт густариш меёбад. Дар ин замина дар доираи рисолати (миссия) фарҳангию соҳибкории ҳайати шаҳри Санкт-Петерубрг дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 23-26-уми майи соли 2022 дар пойтахт як қатору мулоқоту вохӯриҳои судманди дуҷониба ва чорабиниҳои дигари самаровар баргузор мегардад.

Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи барномаи сафари ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петерубрги Федератсияи Россия Олег Эргашев вохӯрии ӯ бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода баргузор шуд. Змини мулоқот ҷониб доир ба сатҳи ҳамкориҳои дуҷониби миёни кишварҳо изҳори назар намуда, зимнан афзуданд, ки робитаҳои бародаршаҳрӣ ва ҳамкориҳои судманди тарафайн миёни шаҳри Душанбе ва Санкт-Петерубрг дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ин мулоқтро ҷонибҳо имконияти хуб барои баррасии ҳамаи масъалаҳои ҳамкорӣ, муносиботи мутақобиланд судманд ва густариши дурнамоҳои ҳамкориҳо унвон намуданд. Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, сиёсиву иқтисодӣ, гардиши савдо миёни ду шаҳр, маорифу тандурустӣ ва амсоли он дар саҳорчуби ин вохӯрӣ аз ҷониби ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петерубрги Федератсияи Россия Олег Эргашев ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода баррасӣ гардид.

Дар мулоқот зикр шуд, ки ҳоло дар муассисаҳои олии таълимии Санкт-Петербург зиёда аз 1000 намояндаи Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин пешниҳод шуд, ки бо мақсади мустаҳкам намудани робитаҳои дӯтиву ҳамкорӣ миёни Санкт-Петербург ва Душанбе дар заминаи ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ аз ҷониби маъмурити шаҳри Санкт-Петербург барои сокинони шаҳри Душанбе ҳар сол 50 квота дар бахшҳои муҳим барои таҳсил ҷудо карда шавад.Дар идомаи вохӯрии маросими ба имзо раоснидани нақшаи чорабиниҳо «Харитаи роҳ» оид ба татбиқи Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Санкт-Петерубрги Федератсияи Россия барои солҳои 2022-2026 баргузор шуд. Созимшномаро Ҷамшед Табарзода ва Олег Эргашев имзо намуданд. Мавриди зикр аст, ки ин созишнома барои густариши ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ ва тақвияти муносиботи дуҷониба миёни Душанбе ва Санкт-Петербуг мусоидати фаъол менамояд.

Ҳамчунин нимаи дуюми рӯз бо иштироки намояндагони Ҳукумати шаҳри Санкт-Петербурги Федерастияи Россия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ҳамоиши фарҳангию кории Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ҷараёни маросими ифтитоҳи ҳамоиши фарҳангию кории Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзод,а ноиби губернатори ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петерубрги Федератсияи Россия Олег Эргашев, сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин намояндагони сохтору мақомоти гуногун аз ду ҷониб ширкат намуданд. Гуфта шуд, ки дар заминаи ташаббусу иқдомҳои сарони ду давлат ҳоло ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳама бахшу соҳаҳо миёни Ҷумҳурии Толҷикистон ва Федеаратсияи Россия дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардидааст.

Инчунин ҷонибҳо зимни баромади худ доир ба имзои нақшаи чорабиниҳо «Харитаи роҳ» оид ба татбиқи Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Санкт-Петерубрги Федератсияи Россия барои солҳои 2022-2026 андешаронӣ намуда, онро ҳуҷҷати муҳим дар самти таҳикми робитаҳо дар соҳаҳо иқтисодию сиёсат, тиҷорату савдо, маорифу тандрустӣ ва фарҳанг маънидод намуданд. Санади мазкур як воситаи муассир барои рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба арзёбӣ гардид.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло гардиши савдо миёни Душанбе ва Санкт-Петербург ба 100 миллион долар баробар гардидааст ва имкониятҳое зиёде дар миён аст, ки ин ҳаҷм боз ҳам бештар карда шавад. Зимни баррасии масъалаҳои кори ин ҳамоиш ҷонибҳо ба иқтидорҳои то ҳол истифода нагардидаи ҷонибҳо дар бахши муҳоҷират ва сармоягузорӣ ибрози андеша намуданд. Ҳамзамон таъкид рафт, ки миёни минтақаҳои Федерасияи Россия аз ҳама зиёд бо Тоҷикистон, хоса шаҳри Душанбе – шаҳри Санкт-Петербург шартномаву созимшномаҳои ҳамкориро ба имзо расинида, дар асоси он ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Дар барномаи ҳамоиши мавриди назар ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиб, сиёсати иҷтимоӣ, маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти махсус дода шудааст. Зимнан зикр гардид, ки Санкт-Петербург ва Тоҷикистон бояд ҳамкориҳои муассиртареро роҳандозӣ кунанд, то тамоми имконоти мавҷуда истифода шавад. Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф, таҳсилоти олӣ, инчунин масъалаҳои сайёҳӣ ва муҳоҷиратро махсус қайд карданд.

Санкт-Петербург ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Тоҷикистон, бахусус ба афзоиши интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ манфиатдор аст. Ҳамин аст, ки баъди маросими ифтитоҳи ҳамоиши фарҳангию кории Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе дар заминаи барномаи ин ҳамоиш мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ» баргузор шуд. Ҳамкориҳои судманди иқтисодиву сармоягузорӣ зимни ин мизи мудаввар барраӣ гардид. Гуфта шуд, ки содироти маҳсулоти хӯрокворӣ ва нассоҷӣ, аз ҷумла матоъ аз пахтаи табиӣ ба Санкт-Петербург аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ мебошад, ки он бояд дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардад.

Дар ин мизи мудаввар тавассути видеоролик имкониятҳои иқтисодиву сармоягузории шаҳри Душанбе ба ҳайати соҳибкорони шаҳри Санкт-Петербург муаррифӣ гардид. Дар идома соҳибкорони ҳарду ҷониб дар мавзӯҳои рушди бахши саноату коркард ва иқтисоду тиҷорат иброи назар намуда, истифодаи имкониятҳои мавҷударо махсус таъкид намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top