ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №664 АЗ 8.12.2022 Дар бораи харитаи электронии шаҳри Душанбе Бо мақсади таъмини иҷрои «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати таҳия намудани харитаи электронии шаҳри Душанбе, бо инобати муроҷиати Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 07 октябри соли 2022, №409, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ: 1. Ҷиҳати таҳияи лоиҳаи харитаи электронии шањри Душанбе гуруҳи корӣ тибқи замима таъсис дода шавад. 2. Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчун роҳбари гуруҳ вазифадор карда шавад: – якҷо бо корхонаву ширкатҳои дахлдор, ки ба корҳои таҳлилӣ – лоиҳакашӣ машғуланд дар муддати шаш моҳ ҳуҷҷатҷои лоиҳавӣ ва асосноккунии харитаи электронии шаҳри Душанберо бо муайян намудани муҳлати татбиқи он таҳия намуда, барои мувофиҳакунӣ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд; 3. Ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати дастрас намудани маҷмӯи маълумотӯои зарурӣ барои таҳияи харитаи электронии шаҳри Душанбе мусоидат намоянд. 4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад. Post Views: 610
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №375 АЗ 07.07.2023 Дар бораи Пардохти ҳушманд (Smart Pay) Бо мақсади рушди бахши молиявӣ, таъмини пардохти ҳамаи андозҳою боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, барои додани…
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №37 АЗ 31.01.2020 Дар бораи Тартиби татбиқи лоиҳаи пилотӣ (тестӣ) вобаста ба ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва насби камераҳои назорати мушоҳидавӣ дар ҳудуди кӯчаю…