ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №11 АЗ 13.01.2023

Дар бораи муваққатан ҷойгир намудани сутунпояҳои махсуси алоқаи мобилӣ, дар худуди шаҳри Душанбе

Муроҷиати Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-ро аз 04 ноябри соли 2022, №44-1893-ро баррасӣ намуда, бо инобати нусхаҳои мавзеъҳои муайянкардашуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» барои муваққатан ҷойгир намудани 7 (ҳафт) вдвд сутунпояи махсуси алоқаи мобилӣ, дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо тасдиқи мавзеъҳои муайянкардашуда, муҳлатнок иҷозат дода шавад.
2. Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» сутунпояҳои махсусро дар шакли тасдиқкардашудаЮ дар мавзеъҳои муайянкардашуда дар мувофиқа бо заминистифода-барандагони якумдараҷа ва сохтмонҳои дахлдори шаҳри Душанбе, ҷойгир намоянд.
3. Муқаррар карда шавад, ки дар ҳолати татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар мавзеъҳои муайянкардашудаи сутунпояҳои махсуси алоқаи мобилӣ бе талаби ҷуброни зарар аз ҷониби корхонаи мазкур бартараф карда шуда, қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида мешаванд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

scroll to top