4 январи соли 2023 дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2022 ва вазифаҳо дар соли 2023 аз ҷониби КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”, ҶДММ “Ватан ИКТ” ва ҶДММ “Симин” барои ҳамкориҳои самарабахш дар амалӣ намуданӣ барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо сипоснома қадрдонӣ карда шуда, ба 9 нафар хонандагони фаъол ифтихорнома ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар кадоме тақдим карда шуд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед