Семинар оид ба трансформатсияи рақамӣ

20 апрели соли 2022 семинар оид ба трансформатсияи рақамӣ дар мавзӯи: «Хизматрасонии давлатии электронӣ ва хизматрасонӣ барои соҳибкорон ва шаҳрвандон» тариқи маҷозӣ баргузор гардид.

Бо дастгирии ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» бо Бонки Рушди АвруОсиё ҳамкориҳои муштарак барқарор намуда, дар лоиҳаи «Хизматрасонии давлатӣ» корҳои муҳимро ба роҳ мондааст.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода Умед сухани ифтитоҳӣ намуда қайд карданд, ки тамоми хизматрасониҳои шаҳр тадриҷан ба формати рақамӣ гузаронида мешаванд. Яке аз ин форматҳо портали интернетии хадамоти давлатӣ мебошад.

Дар семинари мазкур намояндагони шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба татбиқи лоиҳаи «Хизматрасонии давлатӣ» дар шаҳрҳои худ, маърӯза ва презентатсия пешниҳоди иштирокчиён намуданд.

Семинар самаранок гузашта, иштирокчиён нияти худро барои ҳамкориҳои минбаъда ва табодули таҷриба изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top