Дар Дубай платформаи «Ёрдамчии ракамии шахсӣ» дар асоси зеҳни сунъӣ ба кор андохта шуд, ки дар вақти воқеӣ ба дархостҳои истифодабарандагон дар бораи бахшҳои мухталифи иқтисоди аморат посух медиҳад.
Платформа дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ таҳия шуда, маълумоти дақиқ ва хизаматрасониҳоро аз манбаъҳои боэътимод пешниҳод мекунад. Он барои ҳама истифодабарандагон тавассути вебсайти расмии шаҳри Дубай ва барномаи «DubaiNow» дастрас мебошад.
Ин ташаббус ба таъмини хидматрасонии бефосилаи муштариён ва беҳбуди сифати зиндагӣ дар чунин соҳаҳо, аз қабили тандурустӣ, маориф, сайёҳӣ, нақлиёт равона карда шудааст.
Илова кунед
Post Views: 379