Мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе бо директори Департаменти фурӯши хориҷии ширкати “Rexgen co LTD”

13 майи соли 2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро бо роҳбарияти ширкати Кореяи Ҷанубӣ “Rexgen co LTD” баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ инчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Мавзӯи асосии муҳокима – Лоиҳаи “Системаи интеллектуалии нақлиёт” буд, ки самаранокии шабакаи роҳро барои ҳалли мушкилоти нақлиётии аҳолии афзоянда ва татбиқи стратегияи миллии рушди марказҳои логистикӣ ва нақлиётиро дастгирӣ менамояд.

Ҷонибҳо мақсаднокии лоиҳаи мазкурро дар шаҳри Душанбе, ки ба рушди босамар ва устувори системаи нақлиёт мусоидат менамояд, қайд намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top