13 майи соли 2024 таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ мулоқот бо намояндагони 41 зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва КВД “Шаҳри ҳушманд” бо мақсади саривақт иҷро намудани қарори Раиси Шаҳри Душанбе аз 23 феврали2024, № 104 “Дар бораи пардохти ҳушманд (Smart Pay)” баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки барномаи “Smart Pay” на танҳо барномаи қабули пардохтҳо, балки платформаи автоматикунонии ҳуҷҷатҳои корхона оид ба қабули аризаҳои шаҳрвандон дар шакли электронӣ, коркард, таҳлил ва бақайдгирии маълумотҳо мебошад, ки барои гузариши марҳила ба марҳила ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед