Санаи 1 феврали соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи миссияи Бонки ҷаҳонӣ дар мавзӯи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон» семинар баргузор гардид.
Дар семинар масъулини лоиҳаи «Асосҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар доираи истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ барои пешниҳоди баъзе хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди малакаҳои рақамии аҳолӣ тасмим гирифта шуд, ки лоиҳаи рақамӣ дар соҳаи маориф «eDonish» ва лоиҳаи таҷрибавии «eTib» дар соҳаи тандурустӣ, барои муассисаҳои маориф ва тибби шаҳри Душанбе ба таври васеъ татбиқ карда шаванд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед