Вохӯрӣ бо Роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA)
23 майи соли 2023 директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод бо роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Имай Сеизу мулоқот намуданд. Мавзӯи асосии вохӯрӣ ҳамкорӣ дар лоиҳаҳои “IT Park” ва “Истгоҳҳои ҳушманд” буд.
Зимнан зикр гардид, ки «Шаҳри ҳушманд» ҳадафҳои гуногун дорад, вале аз ҳама асосиаш истифодаи технологияҳо барои рушди инфрасохтори шаҳрӣ барои беҳтар ва сермаҳсул гардонидани зиндагии шаҳрвандон мебошад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо ва дар оянда баргузории мулоқотҳои ҳамкорӣ ҷиҳати рушд ва пешбурди ҳадафҳои гузошташуда изҳор намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед