26 майи соли 2022 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии директори техникии Корхона бо намояндагони ширкати «Казахэкспорт» баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ширкат дар бораи фаъолияти худ ва лоиҳаи «Сергек» суханронӣ карданд. Ин маҳсули барномасозони қазоқистони буда системаи сабти аксу видео ва таҳлили трафик, пешгӯӣ ва пайгирии масирро дар бар мегирад. Ин система ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатро, аз қабили суръати баланд, убури хатти махсус, убури хати таваққуф, убури хатти роҳ ва гузаштан дар чароғҳои сурхро сабт мекунад. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки замимаи мобилӣ барои гирифтани огоҳинома дар бораи “ронандагони хатарнок”, шаҳодатномаи ронандагии бозхондшуда, алимент ва қарздорони андоз дар вақти воқеӣ вуҷуд дорад.
Ҳадафи асосии лоиҳа коҳиш додани марг аз ронандагони беинсоф ва амнияти ҷамъиятӣ мебошад. Бартарии калони ин система насб кардани камераҳо дар ҳама гуна сутунҳо ва дарахтон ва ташхиси кардани қонуншиканиҳо аз ҳар кунҷ аст.
Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» лоиҳаи «Шаҳри бехатар» муаррифӣ гардид. Он амнияти ҷамъиятӣ, ҳаракати нақлиёт ва идоракунии бӯҳронҳоро дар бар мегирад. Дар доираи ин лоиҳа дар саросари шаҳр камераҳо насб карда мешаванд, ки имкони шинохти афроди ғайриқонунӣ ва гумонбар ва вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ хоҳанд кард. Ва инчунин ин лоиҳа ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мо дар ҷустуҷӯ ва назорат аз рӯи рақамҳои мошинҳо ва барқарор кардани хатсайри шахсони ғайриқонунӣ мусоидат мекунад.
Дар фарҷом ҷонибҳо нияти худро ҷиҳати ҳамгироии лоиҳаҳо барои ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед