30 июни соли 2021 гурӯҳи кории КВД “Шаҳри ҳушманд” бо директори генералии ширкати “Smart-Base» Марахимов Араббой Раҳимович вохурӣ ва мулоқот намуданд.
Ширкати “Smart-Base” аз соли 2005 фаъолияти худро дар самти барноманависӣ ва тарҳӣ барномавӣ барои ситемаҳои интеллектуалӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолона корбарӣ менамояд.
Дар айни замон, “Smart-Base” барномаҳои зиёдеро дар соҳаи ҳифзи амнияти иттилоотӣ, ки тамоми соҳаҳои фаъолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро фаро мегирад, амалӣ намуда истодааст.
Дар ҷараёни мулоқот табодули таҷриба сурат гирифта, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ баррасӣ карда шуд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед