Вохӯрӣ бо намояндагони Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

31 январи соли 2023 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини директори Корхона Фарҳод Бобоев бо намояндагони Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ лоиҳаҳои КВД «Шаҳри ҳушманд» муаррифӣ гардиданд.

Диққати махсус ба лоиҳаи Smart city (Smartpay) дода шуд. Тарафҳо таъкид карданд, ки масъалаи автоматикунонии ҷараёни кор ва пардохти ҳаққи хидматрасонии давлатӣ дар ҳоли ҳозир муҳим мебошад.

Намояндагони Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ нияти худро барои ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top