Санаи 9 феврали соли 2023 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Самех Вахба баргузор гардид. Дар вохӯрӣ инчунин директори корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушаманд (Smart City)» Саъдӣ Самадзод иштирок намуданд.
Мавзӯи асосии вохӯрӣ баррасии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» буд. Ҳадафҳои асосии лоиҳа ин беҳбудии вазъи экологии шаҳр, баланд бардоштани сифати муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошанд.
Дар натиҷаи вохӯрӣ нақшаи кории минбаъда барои бомуваффакият татбиқ намудани лоиҳа дар шаҳри Душанбе муайян карда шуд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед