Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ “Харитаи электронии шаҳри Душанбе” таҳия мегардад

31 октябр Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо таҷлил карда мешавад. Ба муносибати ин ҷашн шаҳрҳои ҷаҳон зери шиори «Шаҳри беҳтар-зиндагии хубтар» чорабиниҳои гуногун доир намуда, оид ба пешрафтҳои худ маълумот медиҳанд. Душанбе — пойтахти Тоҷикистон низ ба яке аз шаҳрҳои замонавӣ табдил ёфтааст, ки далели он рушди коммуникатсия ва технологияи рақамӣ мебошад. «Харитаи электронии шаҳри Душанбе», ки дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия шудааст, гувоҳи гуфтаҳои болост.

Тавре дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «ГШ Эра» лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳриДушанбе»-ро таҳия намуда истодааст. Дар он ба воситаи таҷҳизоти бесарнишин ҳудуди шаҳри Душанбе аксбардорбӣ шуда, ба шакли рақамӣ гузаронида мешавад.

Харитаи электронӣ- ин тасвири картографӣ мебошад, ки дар асоси маълумоти харитаи рақамӣ тавлид шудааст. Он маълумот дар бораи нуқтаҳои геодезӣ, релеф, гидрографӣ, наботот, хок, объектҳои хоҷагидорӣ ва фарҳангӣ, роҳҳо, коммуникатсияҳо, инфрасохтори шаҳрӣ, сарҳадҳо ва дигар объектҳои релефиро дар бар мегирад.

Лоиҳа аз чанд марҳила иборат аст, аз ҷумла:

Марҳилаи якум – Картография, ки ба воситаи таҷҳизоти бесарнишин ҳудуди шаҳри Душанбе аксбардорӣ шуда, ба шакли рақамӣ гузаронида мешавад.

Марҳилаи дуввум –Лоиҳакашии система, ки дар худ омода намудани супориши техникӣ барои оғоз намудани корҳои лоиҳавӣ, гузаронидани мусоҳиба бо сохторҳои мақомоти шаҳри Душанбе, омода намудани талабот барои сохтани қисми барномавӣ, ташаккул додани феҳристи маълумот барои рақамикунонӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Марҳилаи сеюм– Рақамикунонии маълумоти бойгонӣ, ки аз ташаккули пойгоҳи додаҳо барои ҳар манбаи маълумот, пур кардани пойгоҳи додаҳо, ба таври санҷишӣ пайваст намудани пойгоҳи додаҳо ба барнома, пайвастшавӣ ба инфрасохтори шаҳрӣ, ба мисли камераҳои назоратӣ, камераҳои назорати суръат, ҷароғакҳои роҳ ва ғайраро дар бар мегирад.

Марҳилаи чаҳорум – Омода намудани комплекси барномавии «Шаҳри ҳушманд». Ин омода намудани қисмати «frond-end»- барномаи мувофиқа намудани қисмати «frond-end» бо сохторҳои шаҳри Душанбе, яъне омода намудани рӯйхати барнома ва омода намудани қисмати «back-end»-и барнома ба таври тестӣ (қисмати сервер), пайвасти пойгоҳи додаҳои рақамикунонидашуда ва омӯзиши мутахассисон аст.

Марҳилаи панҷум – Навсозии инфрасохтори шаҳрӣ, ки навсозии системаи бехатарӣ, навсозии системаи баҳисобгирии захираҳо ва ғайраро дар бар мегирад.

Марҳилаи шашум – Омода намудани барномаи мобилии «Шаҳрванди фаъол». Бо кумаки барномаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ба мақомот муносибати худро нисбат ба қарорҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти шаҳр қабул мешаванд, иброз намоянд.

khovar.tjХабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top