Тибқи амри Раиси шаҳри Душанбе аз 14 декабри соли 2023, №327 Комиссияи байниидоравӣ оид ба лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракати воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда» таъсис дода шуд.
Санаи 26 декабри соли 2023 ҷаласаи якуми Комиссияи байниидоравӣ таҳти раисии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода А. С. баргузор шуд.
Дар ҷаласа нақшаи корӣ ва қадамҳои минбаъдаи насб кардани камераҳои назоратӣ дар истгоҳҳои нақлиётӣ ҷиҳати пешгирии таваққуфи бенизом мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед