14 октябри соли 2025 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии расмӣ миёни намояндагони ширкати байналмилалии “Rox Group” аз Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ва роҳбарияти шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва директори КВД “Шаҳри Ҳушманд” Саъдӣ Самадзод ширкат варзиданд.
Ширкати “Rox Group”, ки аз соли 1996 дар Ветнам фаъолият мекунад, имрӯз ҳамчун яке аз ширкатҳои пешсаф дар соҳаи истеҳсол ва навовариҳои саноатӣ шинохта мешавад. Бо роҳбарии ҷаноби Ву Тахан Конг ва директори иҷроия хонум Снежана Нгуен, ширкат дар тӯли беш аз бист сол ба рушди устувор ва васеъшавии фаъолияти худ дар бозорҳои байналмилалӣ ноил гардидааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти татбиқи технологияҳои ҳушманд, рушди инфрасохтори рақамӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи идоракунии шаҳрро баррасӣ намуданд. Намояндагони “Rox Group” изҳори ҳавасмандӣ карданд, ки дар доираи стратегияи густариши байналмилалии худ, ба бозори Тоҷикистон ворид шуда, дар рушди иқтисодии кишвар саҳмгузор бошанд.
Ширкат бо риояи стандартҳои баланди сифат ва масъулияти иҷтимоӣ, ба навовариҳо ва рушди захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Дар оянда, “Rox Group” нақша дорад, ки фаъолияти худро дар минтақаҳои нав густариш дода, ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро таҳким бахшад.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte