Вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ

15 сентябри соли 2025, дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, Бахтиёр Шарифӣ, бо ҳайати Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамзамон, роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд” низ дар вохӯрии мазкур иштирок намуд.

Вохӯрии мазкур доир ба миссияи кӯмаки техникӣ таҳти унвони “Пайвандии системаҳо дар шароити урбанизатсия” (Tajikistan Urbanization Nexus – TURN), ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ташкил гардидааст, баррасӣ шуд.

Ҳадафи асосии миссия — дастгирии рушди устувори шаҳрҳои кишвар тавассути таҳлили мукаммали байнисоҳавӣ ва мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ мебошад.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои марбут ба рушди устувор дар шаҳри Душанбе, ҷалби маблағгузорӣ барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои шарикии мутақобилан судманд табодули назар намуданд.

TURN — ташаббуси дарозмуддатест, ки ба омӯзиши робитаи байни системаҳои калидӣ, аз қабили таъминоти об, энергетика, нақлиёт, манзил ва идоракунии захираҳои замин дар шароити афзоиши босуръати урбанизатсия равона шудааст.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top