Вохӯрии ҳайати намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии кишвар

18 сентябри соли 2025, дар дафтари кории Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе, семинар оид ба ташаббусҳои рушди шаҳрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд” низ иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии семинар — баррасии роҳҳои беҳтарсозии инфрасохтор, истифодаи технологияҳои сабз ва ҷалби ҷомеа ба равандҳои банақшагирии шаҳрӣ мебошад. Иштирокчиён таҷрибаи кишварҳои дигарро омӯхта, пешниҳодҳои нав барои рушди устувори шаҳрҳои Тоҷикистон ироа намуданд.

Ҳамзамон, дар доираи вохӯрӣ аз ҷониби коршиносон дар мавзӯъҳои “Инфрасохтори шаҳрӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ”, “Маблағгузорӣ ва идоракунии муниципалӣ” ва “Устуворӣ нисбат ба таҳдидҳои иқлимӣ ва геофизикӣ” рӯнамо пешниҳод гардид.

Семинар бо муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва пешниҳоди лоиҳаҳои инноватсионӣ анҷом ёфт. Ташкилкунандагон изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top