17 апрели соли 2026 дар бинои КВД “Шаҳри ҳушманд” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Шаҳрванди фаъол” вохӯрии корӣ баргузор гардид. Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳр Бахтиёр Шарифӣ сурат гирифт. Дар он роҳбарони ноҳияҳои пойтахт, масъулони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони сохторҳои дахлдор ширкат варзиданд. Дар ҷараёни мулоқот иштирокчиён бо тарҳи нави лоиҳаи “Шаҳрванди фаъол” ошно гардиданд.
Ҳангоми таҳияи рунамо имкониятҳои асосии лоиҳа, тарзи истифода ва марҳилаҳои татбиқи он муаррифӣ шуда, нақши ҳар як муассиса дар барнома шарҳ дода шуд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ пешниҳодҳои зикршударо қобили қабул шуморида, аҳамияти лоиҳаи “Шаҳрванди фаъол”-ро дар ҷомеа ҳамчун як иқдоми муҳим дар самти ободонӣ ва коммуналӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ таъкид намуд.
Қайд гардид, ки татбиқи лоиҳа имкон медиҳад шаффофият дар ҳалли шикоятҳои шаҳрвандон баланд бардошта шавад ва барои аҳолӣ шароити мусоид фароҳам гардад, то онҳо тавассути як платформаи ягона ва бо усулҳои муосири рақамӣ дархостҳои худро пешниҳод намоянд. Ҳамзамон зикр шуд, ки татбиқи чунин лоиҳа ба беҳтар гардидани идоракунии маълумот, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва мутобиқсозии соҳа ба сиёсати давлатии рақамикунонӣ мусоидат мекунад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи босамари барномаи “Шаҳрванди фаъол” изҳор намуданд.








Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte