Вохӯрӣ оид ба лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе»

16 июли соли 2025, таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ва роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вохӯрии расмӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар раванди вохӯрӣ ба намояндагони ниҳодҳои иштирокчии лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» (модули таҳлилӣ) презентатсияи муфассали лоиҳа пешниҳод гардид. Консепсияи имкониятҳои лоиҳа, намунаҳои модулҳои геопортал ва ҳисоботи таҳлилӣ муаррифӣ шуда, марҳилаҳои калидии татбиқи он ва ҷадвали иштироки ниҳодҳо ба таври возеҳ шарҳ дода шуданд.

Мақсади татбиқи лоиҳа аз беҳтар намудани ҳамкории муассисаҳои шаҳрӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, суръат бахшидани расонидани хизматҳои давлатӣ ва таъмини шаффофияти равандҳои идоракунии шаҳр иборат аст.

Вохӯрӣ дар фазои самарабахш баргузор гардид ва бо нияти густариши ҳамкориҳои минбаъда анҷом ёфт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top