Вохурӣ бо намояндагони ширкатҳои White Hill Capital and Tumar Venture Fund ва Tehnowoman-и Ҷумҳурии Қазоқистон

29 январи соли 2024 мулоқоти директори КВД “Шаҳри ҳушманд (smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод бо директори ширкати Zypl.ai Азизчон Азимӣ ва Аслан Султонов муассис-шарики рушди White Hill Capital ва фонди венчурии Tumar, инчунин бо намояндагони ширкати қазоқии Tehnowoman баргузор гардид.

Дар рафти вохўрӣ иштирокчиён лоиҳаҳои худро дар соҳаи маориф муаррифӣ намуданд. Ҷонибҳо барои ҳамкориҳои самарабахш оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн омодагии худро баён карданд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо нияти ҳамкориро дар татбиқи лоиҳа ва бастани Ёддошти сеҷонибаи ҳамкорӣ изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top